Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизороти Юшенко аз порлумони ҷадид


Виктор Юшенко, раисиҷумҳури Укроин, имрӯз аз нерҳи сиёсии дар интихоботи порлумонӣ пирӯз даъват кард, ки ба хотири таъсиси аксарият дар Радаи олӣ ва ташкили ҳукумати нав сари мизи музокирот бинишинанд.


Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Ман аз «Ҳизби манотиқ», «Эътилофи Юлия Тимошенко», «Укроини мо - Худҳифозати мардумӣ» даъват мекунам, ки ҳамроҳ бо дигар аҳзоби пирӯз дар интихоботи порлумонӣ машваратҳои пешакии сиёсӣ дар мавриди таъсиси аксарият дар Радаи олӣ ва ташкили ҳукуматро шурӯъ кунанд».


Зимни суханрониаш аз тариқи телевизиони кишвар Виктор Юшенко изҳори инминон кард, ки ҷонибҳо «хиради сиёсии» худро намоиш хоҳанд дод.


Ин ҳам дар ҳолест, ки шумориши баргаҳои раъй аз сӯи Кумисюни марказии интихоботи кишвар дар арафаи анҷомёбист. Гуфта мешавад, ки «Ҳизби манотиқ» ба сарварии сарвазир Виктор Янукович бо дарёфти беш аз 34 дарсади раъйҳо дар сабқат барои дарёфти курсиҳои порулмон пешсаф аст.
XS
SM
MD
LG