Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси созмони модарони размандагони собиқ


Гурӯҳе аз модарони размандагони пешини мухолифин, ки феълан зиндонянд, эълом карда буданд, ки бо таъсиси як кумитаи вижаи волидон ба афви пайвандони худ талош хоҳанд варзид.

Вале дар ҳамин ҳол Вазорати адлияи Тоҷикистон ин Кумитаро на ба он сурат, ки худи муассисон мехостанд, балки зери номи «Орзуи модарон» расман сабти ном кард.

Давлат Сулаймонов, сардори раёсати сабтиноми созмонҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии вазорати адлия, бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт: «Ин ташкилот бо мақсаду вазифаҳое, ки дар оинномааш омадааст, яъне дар ҳаллу фасли масоили иҷтимоъӣ, иқтисодӣ, эколожӣ ва ҳифзи саломатии мардум, ки бо ҳамин мақсадҳо аз қайди давлатӣ гузаштааст, метавонад дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият кунад».

Ва аммо Ҳуснорои Аҳмад, раиси созмони «Орзуи модарон», хонуме, ки бо ҷамъи 50 нафар аз волидони размандагони феълан маҳбуси мухолифини собиқ, унвонии раиси ҷумҳур номаи дархостӣ оид ба афви наздики 400 размандаи собиқ карда буд, мегӯяд, айни ҳол дар роҳи иҷрои барномаҳои оинномавӣ ва кори ин созмон бо мушкили молӣ рӯ ба рӯст. Ӯ мегӯяд: «Кумитаи мо, ки «Орзуи модарон» ном дорад, ба ҳар касе, ки мо дасти ёриаш расонида метавонем ва ҳар нафаре, ки дарди моро дорад, бояд аз мо пуштибонӣ кунад, дар гирди мо ҷамъ ояд. Мо на ғами як-ду нафар, балки ғами ҳама маҳбусинро мехӯрем, мо танҳо нестем, мо чанд ҳазор падару модар ва пайвандони зиндониён ҳастем».

Авохири моҳи июни соли ҷорӣ гурӯҳи беш аз 20-нафараи модарони размандагони зиндонии мухолифини собиқ дар назди сохтмони дафтари мусоидат ба таҳкими сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе карда, тақозо намуданд, то ин намояндагӣ ба афви фарзандони зиндонии онҳо расидагӣ кунад. Модарони маҳбусин мегӯянд, чандин маротиб ба унвони раиси ҷумҳур, ниҳодҳои марбутаи кишвар, Созмони Милали Муттаҳид барои мусоидат ба афви размандагони мухолифини собиқ нома навиштаанд, вале бо вуҷуди дарёфт накардани посух аз ин мақомот, аз талабҳои худ даст намекашанд.

Дар ҳамин ҳол аз Қаландар Садриддинзода, намояндаи масъули Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мепурсем, ки ба назари ӯ, модарони ин маҳбусон бо таъсис ва сабтиноми созмони худ дар амри иҷрои хостаҳояшон то куҷо хоҳанд расид? Дар посух ӯ гуфт: «Ин модароне ҳастанд, ки бо талошҳои зиёд барои расидан ба ҳадафашон хеле заҳмат кашидаанд. Акнун онҳо бо истифода аз номи созмони худ арзу шикояташонро ба давлат, ба гӯши ҳукуматдорони вақт расонида метавонанд. Сафи ин модарон зиёд аст имрӯз ва эҳтимол дигар ҳамтоёнашон ҳам ба ин созмон бипайванданд».

Ба гуфтаи намояндагонаш, наздик ба 1000 падару модари зиндониён узви ҳамин созмон буда, яке аз аҳдофи аслии онҳо расидан ба афви фарзандони маҳбусашон будааст.

Ва аммо иддае аз таҳлилгарон мегӯянд, ҳеҷ давлат маҳбусинеро, ки бо ҷурмҳои сангин ва ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд, пурра афв намекунад.
XS
SM
MD
LG