Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйиру илова ба буҷаи соли равон


by

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон дар ҷаласаи нахустини пас аз таътили тобистонаи худ ба қонун дар бораи буҷети давлатии соли 2007-и ҷории кишвар тағйиру иловаҳо ворид карданд.


Бар тибқи ин тағйирот,афроде, ки дар бунёд ва ё тармими кадом як мактаб ва ё синфхонаи макотиб барои хонандагон саҳм мегиранд, аз пардохти молиёт озод карда мешаванд. Исмоил Талбаков, узви кумитаи иқтисод, буҷет , молия ва андози маҷлиси намояндагон, гуфт, ин тағйирот танҳо ба хотири ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба бахши маорифи кишвар сурат мегирад.


Аммо ин дар ҳолест, ки Сайдулло Хайруллоев, раиси маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон гуфт, ин масъала дар таъйини буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2008 ҷиддан мавриди таваҷҷуҳ қарор дода хоҳад шуд, зеро усули сармоягузорӣ ба бахши маорифи кишвар бояд ба гунаи дигар сурат бигирад.


Гуфта мешавад, бунёди макотиб ва тармими синфхонаҳо аз сӯи афроди алоҳида дар ин авохир бештар шуда ва дар соли ҷорӣ ин гуна афрод аз ҳисоби сармояи худ тақрибан барои 2000 хонанда мактаб бунёд кардаанд. Ва тағийру иловаҳо ба Қонуни буҷети давлатии соли 2007-и Тоҷикистон он теъдод афродеро аз пардохти молиёт озод хоҳад кард, ки иншооти бунёдкардаи худро ба моликияти вазорати маориф табдил диҳад.
XS
SM
MD
LG