Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомид Карзай омодаи музокирот бо Толибон аст


hs

Ҳомид Карзай - раисҷумҳури Афғонистон мегӯяд, дар миёни Толибон дар бораи ба замин гузоштани аслиҳа мунозироти шадид идома дорад.


Ҳомид Карзай гуфтааст, вай омода аст, бо Муҳаммад Умар-раҳбари Толибон мулоқот кунад ва ба намояндагони Толибон дар ҳукумат мақомҳое пешниҳод кунад, агар бо онҳо сулҳ ба даст ояд.


Ҳумоюн Ҳамидзода - сухангуи раисҷумҳури Афғонистон гуфт, Толибон дар чунин шароит бояд Қонуни асосии кишварро эътироф кунанд.


Аз сӯи дигар, Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ - сухангуи Толибон гуфтааст, то даме, ки нируҳои Амрико дар Афғонистон мустақаранд, онҳо ба ҳеҷ музокира розӣ нахоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG