Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии қимати орд дар Қазоқистон


Қимати гандуму орд дар бозори дохилии Қазоқистон низ боло рафт. Феълан қимати гандум назар ба се моҳи қабл 68 дарсад гарон шудааст ва нархи як кило орд аз 25-26 танга ба 50 танга расидааст.


Ҳамин тариқ, як тонна ордро имрӯзҳо дар бозори дохилӣ танҳо ба 220-230 доллари амрикоӣ метавон харидорӣ намуд. Ин дар ҳолест, ки он қаблан 150 доллар нарх дошт. Қимати як халта орд ҳам то ба 4000 танга (33 доллари амрикоӣ) расидааст.


Ин ҳам дар ҳолест, ки Қазоқистон ғаллаи зиёде тавлид мекунад ва ҳатто беш аз нимашро ба хориҷа мефурӯшад. Дар мавриде, ки бархеҳо талаб доранд, ки ҳукумат нархи гандуму ордро ба танзим дарорад, Серикболсин Абдилдин, раиси Ҳизби коммунисти Қазоқистон ва донишманди соҳаи кишоварзӣ, ҷабран нигоҳ доштани нархи ордро басо мушкил ва ҳатто ба иқтисоди кишвар зарарнок меҳисобад. Ба гуфтаи вай, роҳи ягона дуруст боло бурдани маоши мардум ва дар як вақт ҷуброн кардани қимати маводи ғизоист.


Қувондиқ Бейшимбоев, муовини вазири тиҷорат ва саноеъи Қазоқистон, низ таъкид кардааст, ки давлатро лозим аст ба болоравии нархи нон ва маҳсулоти ғизоӣ на бо роҳи маъмурӣ, балки тавассути боло бурдани пардохти иҷтимоъӣ ҷавоб гӯяд.


Насибҷон Амонӣ, Алмаато.
XS
SM
MD
LG