Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

У. Фаллон: «ИМА дар пайи ҷанг бо Эрон нест»


Дар ҳоли эътирозҳо ба суханронии президенти Эрон дар як конфронси Донишгоҳи Коламбияи Ню-йорк раҳбари эронӣ вориди ИМА шуд,


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мегӯяд, ки Эрон роҳи ҷанг бо Амрикоро пеш нагирифтааст. Дар суҳбат бо телевизиони ИМА Аҳмадинажод иброз дошт, ки, ба фикри вай, феълан ду кишвар дар самти бархӯрд бо ҳамдигар ҳаракат надоранд.


Ҳарчанд раисҷумҳури Эрон гуфтааст, ки кишвараш ба силоҳи ҳастаӣ эҳтиёҷе надорад, вале. раҳбарияти кишварҳои қудратманди олам бар ин назаранд, ки Эрон дар пайи дастрасӣ ба чунин силоҳ аст.


Ин ҳам дар ҳолест, ки шарҳи Аҳмадинажод ба тафсираи фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Ховари Миёна адмирал Уилям Фаллон шабоҳат дорад, ки гуфтааст пешбинӣ намекунад ИМА дар пайи ҷанг бо Эрон шавад.
XS
SM
MD
LG