Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хавфи СММ аз тавсиаи фаъолият дар Ироқ


hs

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ги Мун гуфт, СММ хоҳони тавсиаи фаъолияти худ дар Ироқ аст, аммо вазъи ноамни ин кишвар барои фиристодани шумори бештари кормандони Созмон мувофиқ нест.


Бан Ги Мун дар ин бора пас аз мулоқоташ бо Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ дар шаҳри Ню Йорк суҳбат кард. Пештар аз ин Нурӣ ал-Моликӣ аз Созмони Милал хост, фаъолияташ дар Ироқро густариш диҳад, ва гуфт, авзои Бағдод беҳбуд ёфтааст.


Бино ба гузоришҳо, пас аз бомбгузорӣ дар қароргоҳи Созмони Милал дар Бағдод, ки моҳи августи соли 2003 сурат гирифт ва 22 нафарро кушт, ҳанӯз ҳам кормандони ин созмон шароити кор дар Ироқро мувофиқ намедонанд.
XS
SM
MD
LG