Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири маорифи Тоҷикистон донишҷӯёнро ба пахтачинӣ фиристод


Шурӯъ аз имрӯз донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои вилоятҳои Суғд ва Хатлон расман дар маъракаи пахтачинӣ иштирок мекунанд.


Ба иттилои ҷонишини вазири маорифи кишвар Фарҳод Раҳимов, чунин қарорро имрӯз вазир Абдуҷаббор Раҳмонов қабул кардааст. «Пахта маҳсулоти стротежии мо мебошад, - изҳор намуд ӯ. - Аз ин рӯ ҷалби донишҷӯён ба кумаки пахтакорони тоҷик чораи зарурист».


Гуфта мешавад, бар асоси фармони сарвари Вазорати маорифи Тоҷикистон, донишҷӯёни макотиби олии дар вилоёти Суғду Хатлон воқеъбуда дарсхонаҳоро тарк карда, сар аз имрӯз ҷиҳати ҷамъоварии пахта як моҳ дар саҳроҳои пахта хоҳанд буд.


Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба гуфтаи Ф. Раҳимов, иштироки хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ қатъиян манъ аст.
XS
SM
MD
LG