Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Мираж»-ҳои фаронсавӣ ба Афғонистон мераванд


by

То нимаҳои моҳи октябри соли ҷорӣ шаш адад тайёраҳои ҷангии «Мираж» ва ҳудуди 200 нафар афсарони бахши мухобирот ва мушовирони низомии Фаронса фурӯдгоҳи Душанберо тарк намуда, дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон мустақар хоҳанд шуд. Ин нуктаро Эрве Морен, вазири дифои Фаронса, 7-уми сентябр пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳузури хабарнигорон изҳор дошт.


Ба гуфтаи оқои Морен, ҳузури тайёраҳои ҷангии «Мираж» ва афсарони Фаронса дар Қандаҳори Афғонистон муваққатӣ аст. Вазири дифои Фаронса дар посух ба ин суол, ки оё нерӯҳои Фаронса дар Афғонистон коҳиш дода мешаванд ё хайр, гуфт, Фаронса феълан чунин тасмим нагирифтааст. Вале ӯ ҳамзамон афзуд, ки нерӯҳои Фаронса барои ҳамеша дар Афғонистон боқӣ буда наметавонанд.


Дар ҳамин ҳол, вазири фаронсавӣ таъкид кард, ки ҳадафи дигари ин тасмим тақвияти сармоягузорӣ ба тарҳҳои шаҳрвандӣ дар ин кишвар мебошад.


Гуфта мешавад, ба дунболи шурӯи амалиёти эътилофи зиддитеррористӣ дар Афғонистон дар соли 2001 қисмате аз нерӯҳои маҳдуди Фаронса, аз ҷумла 6 ҳавопаймои ҷангии «Мираж», 3 тайёраи борбари низомии «Транзал» ва 450 нафар афсарону сарбозони ин кишвар, дар фурӯдгоҳи Душнабе мустақар шуда буданд.
XS
SM
MD
LG