Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори боз як тоҷик дар Маскав


Бино бар хабари ожонсии иттилоъотии «Интерфакс»-и Русия, шаби панҷшанбе дар пойтахти ин кишвар шаҳри Маскав ашхоси ҳанӯз номаълум як шаҳрванди Тоҷикистонро ба қатл расониданд.


Ҷасади ин тоҷикистониро кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар қисмати шарқии шаҳр, дар ҳудуди корхонаи таҷҳизотсозӣ пайдо намуданд.


Тибқи ташхиси қаблӣ, ин шахс, ки номаш феълан ифшо нашудааст, бар асари ҷароҳатҳои зиёди корд ба ҳалокат расидааст.


Гуфта мешавад, дар назди ҷасад дами шикастаи корд пайдо шудааст ва аз рӯи ин ҳодиса мақомоти марбутаи ҳуқуқӣ тафтишро шурӯъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG