Пайвандҳои дастрасӣ

Самарқанд 2750-сола шуд


Ин шабу рӯз дар хиёбонҳои марказии шаҳри Самарқанд садои мусиқиву оҳанг ва рақсу оташбозиҳои мардум ба мушоҳида мерасад.


Сокинони ин шаҳри қадимаи тоҷикӣ, ки имрӯз дар қаламрави Узбакистон аст, 2750-солагии таъсисёбии онро таҷлил мекунанд. Дар суханрониҳои шодбошии худ мақомоти Узбакистон дар қарни 14 пойтахти сулолаи Темуриён будани Самарқандро таъкид мекунанд.


Муаррихони бетараф ва ташаккулҳои миллатпарасти Самарқанд, ки имрӯз таҳти фишори афзоаяндаи сиёсӣ ба сар мебаранд, мегӯянд, ки дар сиёсати баҳсбарангези худ раиси ҷумҳурӣ Ислом Каримов, ки худ зодаи Самарқанд аст, ҳамеша талош кардааст, миллияти фарҳангии ин шаҳри қадимаи тоҷиконро нодида бигирад.


Дар ҳоле, ки феълан дар ҷашнҳои Самарқанд шумори маҳдуди тамошобинон иштирок мекунанд, дар хиёбонҳои шаҳр нерӯҳои зиёди пулис ба мушоҳида мерасанд.
XS
SM
MD
LG