Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бохт ва ба даври дигар баромад


Тоҷикистон дар бозии саввуми худ дар Ҷоми Ҷаҳон оид ба футбол миёни наврасон бо ҳисоби сифр бар як аз тими Тунис мағлуб шуд.


Ягона тӯби ин бозӣ дар дақиқаи 83 вориди дарвозаи Фаррух Бердиев гардид. Дар бозии дигари ин гурӯҳ тими Амрико бо ҳисоби ду бар сифр белгиягиҳоро шикаст дод.


Ҳамакнун, Тунис бо се пирӯзӣ дар се бозӣ ва нӯҳ хол дар гурӯҳи "Е" мавқеъи аввалро гирифт ва дар даври дигар бо Фаронса бозӣ мекунад. Тимҳои Белгия, Тоҷикистон ва Амрико се холӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби тӯбҳо, Амрико ҷои дуввумро гирифт ва дар даври оянда бо ғолиби гурӯҳи "Ғ" бозӣ мекунад. Рақибони эҳтимолии ӯ, тимҳои Колумбия, Олмон ва Гана мебошанд.


Тоҷикистон дар гурӯҳ бо таносуби минус яки тӯбҳо ҷои саввумро гирифт ва ҳамчунин ба даври оянда баромад. Зеро, тимҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон, ки дар гурӯҳҳои худ ҷои саввумро гирифтаанд, фарқияти тӯбҳояшон камтар аз Тоҷикистон аст.Дар даври ҳаштякниҳоӣ рақиби Тоҷикистон ё Нигерия ва ё Перу хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG