Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ташхиси ҳавопаймои нобудкардашуда


Вазири умури дохилии Гурҷистон гурӯҳи муҳаққиқонро ба минтақаи Кодорӣ барои таҳқиқи гузориши шоҳидон фиристод, ки гуфтаанд, як ҳавопаймое, ки бовар меравад ҳарими ҳавоии Гурҷистонро убур кардааст, нобуд карда шуд.


Сухангӯи вазорат Шота Утиашвилӣ, ки аз як маҳалли Кодорӣ суҳбат мекард, ба радиои «Озодӣ» таъйид кард, ки оташи огоҳкунанда ба ҷониби як ҳавопаймое кушода шуд, ки рӯзи 21-уми август вориди ҳарими ҳавоии Гурҷистон шудааст. Дар ҳамин ҳол, вай гуфт, ки маҳалли суқути ҳавопайморо гуфта наметавонад.


Мақомоти гурҷӣ тахмин мезананд, ки ин ҳаввопаймо метавонад русӣ бошад. Вале сухангӯи нерӯҳои ҳавоии Русия Александр Дробишевский ин гуна иттиҳомотро рад карда, онро як таҳрики нави зидди Русия қаламдод кард.
XS
SM
MD
LG