Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокат аз дасти иттифоқчиён


Британия изҳор намуд, ки дар Афғонистон 3 сарбози ин кишвар эҳтимолан бо оташи иттифоқчиён ба ҳалокат расидаанд. Ба гузориши Вазорати мудофиаи Британия, рӯзи панҷшанбе бар иловаи куштори 3 сарбоз дар вилояти ҷанубии Ҳилманд 2 сарбози дигар маҷрӯҳ шуданд.


Вазорат бар ин ақида аст, ки сарбозонро бомбаи аз ҳавопаймои амрикоӣ партобшуда ба ҳалокат расондааст.


Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳавопаймои амрикоӣ барои кумак ба иттифоқчиён дар рӯёрӯии онҳо бо Толибон даъват шуда буд.


Гуфта мешавад, феълан ин қазия мавриди таҳқиқ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG