Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷаммуъи тоҷирзанон дар назди шаҳрдорӣ


ШР

Гурӯҳи тоҷирзанони яке аз бозорҳои Панҷакент дар назди бинои ҳукумати ин шаҳр ба нишони эътироз ҷамъ омадаанд. Гуфта мешавад, иддаъои эшон ин будааст, ки додситонии шаҳр бозорро бастааст ва онҳо бе ҷои кор мондаанд.


Ин бозор, ки ҳамчун бозори ҷомафурӯшон маъруф аст, чаҳор сол қабл бунёд шуда, дар он асосан занон ба тиҷорати ҷомаву хилъат ва сӯзаниву дигар анвоъи либосҳои миллӣ машғули тиҷорат буданд.


Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ҳукумати шаҳр дар посухи эътирози ин гурӯҳи тоҷирзанон гуфтаанд, ки онҳо омодаанд ин қазияро дида бароянд ва тоҷирзанон феълан метавонанд кори худро идома диҳанд.


Имрӯз тоҷирзанони таҷаммуъкарда ба кори худ дар бозор шурӯъ кардаанд. Вале дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки хавфи бастани бозор дар ояндаи наздик ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад.


Шоҳини Равшан, Панҷакент.
XS
SM
MD
LG