Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон: мавҷудияти сонсур ва садамаҳои шубҳанок


Булат Абилов, лидери ҳизби «Ак-жол» ва намояндаи саршиноси оппозисюни Қазоқистон, вазири иттилооти кишварашро дар сонсури баҳси телевизионии интихоботи порлумонӣ айбдор кард. Ӯ гуфт, 5 дақиқаи навори ин баҳс, ки ба ришватхории мақомоти ширкати давлатии инержӣ марбут буд, бурида шудааст.


Дар ҳамин ҳол, вазири иттилооти Қазоқистон Эрмуҳаммад Иртишбоев аз шаҳри ин қазия сарпечӣ кард.


Тибқи хабари дигар аз Қазоқистон 3 журналисти номовари ин кишвар дар як садамаи роҳ маҷрӯҳ шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта журналисти дигари мухолифи давлат Сокин Таужанов дар чунин садама кушта шуд.


Гуфта мешавад, дар ду соли ахир 7 журналисти мухолифи ҳукумат дар садамаҳои автомобилии шубҳаангез кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG