Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба мулоқоти сарони ду Корея


Иёлоти Муттаҳида изҳори итминон кардааст, ки музокироти миёни раҳбарони Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ба барқарории сулҳ миёни ин ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико Ҷоан Мур гуфт, ки Вошингтон муддати тулонист, ки аз гуфтушуниди миёни ду кишвар пуштибонӣ мекунад. Қарор аст, музокироти миёни раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Ёнг Ир ва раисиҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ Роҳ Му Ҳюн рӯзи 28 август дар Пхенян, пойтахти Кореяи Шимолӣ шурӯъ шуда, се рӯз идома ёбад.





Ёдовар мешавем, бори аввал раҳбарони ду Корея 7 сол пеш гуфтушунид анҷом дода, пояи эътидоли равобити дуҷонибаро эҷод карданд. Музокироти навбатӣ дар ҳоле доир мешавад, ки Пхенян ба фаъолияти реактори ҳастаӣ дар Ёнгбон хотима гузошт ва ба ивази ин Сеул, тибқи созиши музокироти шашҷонибаи моҳи феврал, ба Кореяи Шимолӣ 50 тонна маводи сӯхт интиқол дод. Дар сурати қатъи фаъолияти ҳама муассисаҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ кишвар боз 950 ҳазор тонна маводи сӯхт дарёфт хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG