Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав


Дирӯз дар Маскав, пойтахти Русия, боз як шаҳрванди Тоҷикистон мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Ба иттилоъи сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар хиёбони Сереневий булвар афроди номаълум ба як шаҳрванди Тоҷикистон бо корд ҳамла карданд. Дар натиҷа ин тоҷикистонӣ ҷароҳатҳои вазнин бардошт.


Гуфта мешавад, баъди ҳодиса ӯро шахсони хайрхоҳи раҳгузар ба бемористони наздиктарин интиқол додаанд.


Масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, ки ҷузъиёти ин ҳодиса ва шахсияти шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир мушаххас мешаванд.


Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба иттилоъи хабаргузории Интерфакс, як рӯз пеш низ дар ҳамин маҳал чунин як ҳамлаи мусаллаҳона ба шаҳрвандони Афғонистон ва Чин сурат гирифта буд, ки дар пайи он шаҳрванди Афғонистон ба ҳалокат расидааст.
XS
SM
MD
LG