Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳо аз маъракаи зидди масоҷид


МХ

Як қарори шаҳрдории Душанбе дар байни сиёсатмадорон ва чеҳраҳои шинохтаи мазҳабии кишвар нигарониҳо аз авоқиби онро ба бор овардааст.


Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, узви Маҷлиси миллӣ, Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, вакили Маҷлиси намояндагон, ва раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Муҳиддин Кабирӣ бо ирсоли як нома ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иқдоми шаҳрдории Душанбе (чуноне ки дар нома омадааст) оид ба бастану шикастани масҷидҳои панҷвақта дар пойтахтро як амали зиддиконститутсионӣ ва зиддисломӣ номида, онро маҳкум кардаанд


Нависандагони нома бо изҳори нигаронӣ таъкид кардаанд, ки ин иқдом метавонад оромиву суботи ҷомеъаро барҳам занад ва аз ин рӯ аз Эмомалӣ Раҳмон тақозо кардаанд пеши роҳи чунин амалҳо гирифта шавад.


Дар нома омадааст, ки мақомоти маҳаллӣ ба ҷои ин ки ба сабти ном шудани масҷидҳо мусоидат кунанд, баръакс ба онро ба таъхир андохтанд. «Сабти ном нашудани ин масоҷид аксаран ба кашолкории мақомоти давлатиии маҳаллӣ сурат гирифтааст», - омадааст дар нома.


Ин ҳам дар ҳолест, ки шурӯъ аз охири моҳи июли соли ҷорӣ бар асоси як қарори шаҳрдорӣ ба дари бисёре аз масоҷиди панҷвақтаи пойтахт қуфл зада шуда, теъдоде аз онҳо тахриб шуданд.
XS
SM
MD
LG