Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги муфоҷо дар Лос Анҷелис


Пӯлод Давлатназаров, собиқ бошандаи шаҳри Душанбе, ҳанӯз чандин сол ва эҳтимолан бо сабаби қатли бадахшониҳо дар воқеъаҳои хунини Тоҷикистон ватани худро тарк кард, дар чандин кишвар ба сар бурд ва ниҳоят дар Лос Анҷелиси Иёлоти Муттаҳида муқим шуд. Вай дар як фурӯшгоҳи хурди кӯчаи Ла Бре Авенюи минтақаи Ҳолливуд кор мекард ва шоми 23-юми июл шахсе ба ин фурӯшгоҳ даромада, каме гардиш кард ва нархи шишаи ширро пурсид ва сипас, туфанги нимаавтоматиро бароварда, Давлатназаровро гаравгон гирифт, то аз кассир Владимир Аккермани 69-сола, собиқ шаҳрванди Узбакистон, талаби пул кунад. Муфаттиши ҳодисаҳои куштор дар идораи полиси Лос Анҷелис Викки Байнам дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ шаҳрванди Тоҷикистон будани Давлатназаровро тасдиқ кард ва гуфт:

"Ин як кӯшиши нокоми ғорати фурӯшгоҳ буд. Вай хашмгин шуд, зеро ба эҳтимоли қавӣ, ҷаноби Аккерман ба талаби ӯ ба андозаи кофӣ зуд итоат накард, вале қотил онҳоро бе ягон ҳаракати таҳрикдиҳандаи онҳо паронд. Бисёр ҷинояти бераҳмона ва хунсардона. Ман ёздаҳ сол боз дар шӯъбаи таҳқиқи куштор дар минтақаи Ҳолливуд кор мекунам ва ин гуна ҷиноятро дар ин маҳалла надида будам."

Хонуми Байнам мегӯяд, полис наворҳои видеоии назоратро гирифтааст ва дар онҳо ҳамаи воқеъаро дидан мумкин аст. Дар он ҷинояткор дар ҳоле ки аз китфи Давлатназаров доштааст, аввал ба шиками фурӯшанда Аккерман тир холӣ мекунад ва сипас, пеш аз он ки аз фурӯшгоҳ барояд ба сари Давлатназаров тир мезанад. Пӯлод дар ҳоли ҳодиса фавтид ва Аккерман бо ҷароҳати сахт ба бемористон интиқол дода шуд. Хонуми Байнам мегӯяд, ба манзили Давлатназаров рафтааст ва ба хонаводаи ӯ, ҳамсар ва ду фарзандаш ҳамдардӣ баён доштааст ва ҳамчунин намояндагии расмии Тоҷикистонро дар Вошингтон дар ҷараён гузоштааст. Ӯ меафзояд:

"Чи андӯҳбор аст, ки вай кишвари худро бо сабаби ноамнияш тарк карда ба ин ҷо омад, ки кушта шавад. Барои мо ин бисёр ҳодисаи дарднок ва ғамангез аст. Дар ин ҷо чунин ҷиноятҳо зиёд нестанд, яъне вақте ки одамони бегуноҳ кушта мешаванд. Бисёрии қатлҳо ин ҷо миёни худи гурӯҳҳои ҷиноӣ ва қочоқбар ба амал меоянд, одатан."

Пӯлод Давлатназаров барои таъмини оилааш дар ду ҷой кор мекард ва ҳамзамон дар Коллеҷи шаҳрии Лос Анҷелис забони инглисӣ меомӯхт. Кормандони қаҳвахонаи чиноӣ дар рӯбарӯи фурӯшгоҳе, ки ба қатлгоҳи Пӯлод табдил ёфт, ӯро бисёр эҳтиром мекарданд ва мегӯянд, як шахси росткор ва меҳрубон буд. Рафаел Бар, як муштарии доимии фурӯшгоҳ, дар ҳоле ки оби дидааш мерехт, мегӯяд, бо Пӯлод дӯстӣ дошт ва аз ӯ забони русӣ меомӯхт. Муфаттиши ҳодисаҳои куштор дар Идораи полиси Лос Анҷелис Викки Байнам ба мо гуфт, қотили Пӯлод Давлатназаров ба зудӣ, хеле ба зудӣ дастгир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG