Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Санкт Петербург мошин ду тифли тоҷикро зер кард


Тибқи як хабар аз Русия, рӯзи сешанбе, 24 июл, дар Санкт Петербург як автомобили тамғаи Жигулӣ ду кӯдаки тоҷикро зер кард.


Духтарчаи шашсола ва писарчаи нуҳсолаи тоҷик дар гузаргоҳи кӯчаи Бухарести пойтахти дувуми Русия зери чархи мошин мондаанд.


Ҳарду кӯдак дар ҳолати бисёр вазнин ба бемористон расонда шудаанд. Гуфта мешавад, онҳо фарзандони як муҳоҷири тоҷик будаанд.
XS
SM
MD
LG