Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавқифи фаъолияти ҳукуматии сунниҳои Ироқ


Бузургтарин эътилофи сунниҳои Ироқ ширкати худ дар ҳукумати сарвазири Нурӣ ал Моликиро мутаваққиф кард.


Раҳбарони Ҷабҳаи ризояти Ироқ гуфтанд, ки онҳо ба сарвазир як ҳафта вақт медиҳанд то талабҳои онҳо – риояи ҳуқуқи башар, аз маҳбасҳо раҳо кардани ҳама афроде, ки бидуни эъломи иттиҳом нигаҳ дошта мешаванд ва халъи силоҳи гурӯҳҳои низомиро иҷро кунад.


Дар акси ҳол, ҳушдор додааст Ҷабҳаи ризояти Ироқ, онҳо аз эътилофи ҳукмрон берун хоҳанд рафт. Ин Ҷабҳа дорои 44 курсии парлумон ва 5 маснад дар вазоратхонаҳои Ироқ аст.
XS
SM
MD
LG