Пайвандҳои дастрасӣ

Таъини мӯҳлати ахир барои сабти номи дубораи созмонҳо


Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ахиран муҳлати сабти номи дубораи созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалии муқими кишварро муқаррар кардааст ва дар сурати то 1-уми январи соли 2008 дубора аз қайди давлатӣ нагузаштанашон фаъолияти ин созмонҳо мутаваққиф хоҳад шуд.


Рустам Менглиев, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, бо таъйиди ин хабар гуфт, тасмими мазкур бар асоси қонуни нави марбут ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки сабти номи дубораи тамоми созмонҳои ҷамъиятиву байнулмилалиро пешбинӣ мекунад, сурат мегирад. Ба гуфтаи ӯ, феълан дар қаламрави Тоҷикистон 146 созмони байнулмилалӣ фаъолият доранд, ки 45-тои онро шаҳрвандони Тоҷикистон созмон додаанд.


Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи оқои Менглиев, то имрӯз танҳо 2 созмони байнулмилалӣ ва 20 иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз қайди такрории давлатӣ гузаштаанд.


Дар ин робита иддае аз коршиносон мегӯянд, сабти номи дубораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои вазорати адлия имкон медиҳад, то фаъолияти баъзе созмонҳои ба истилоҳ «дигарандеш» дар Тоҷикистонро боздорад. Аммо худи намояндагони созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон аз суҳбат дар ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд. Ҳамин тавр, як корманди созмони байнулмилалии «Интернюс Нетуорк» иқрор кард, ки наметавонад то такроран аз қайди давлатӣ гузаштани ин созмон дар мавриди қонуни нав ва тасмими вазорати адлия назар бидиҳад.


Гуфта мешавад, сабтиноми муҷаддади иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои хориҷӣ ройгон сурат мегирад.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе.
XS
SM
MD
LG