Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон мегӯяд, Афғонистонро тарк нахоҳад кард


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел пойбандии кишварашро ба ваъдаи байнулмилалии эътидоли Афғонистон таъкид кард.


Баъд аз мулоқот бо фиристодаи хоси СММ дар умури Афғонистон, Меркел гуфт, Олмон дар Афғонистон нақши дарозмуддат хоҳад дошт.


Меркел дар бораи талошҳои раҳоии гаравгони олмонӣ, ки Толибон дар ивазаш хурӯҷи наздик ба се ҳазор сарбози Олмонро аз Афғонистон талаб мекунанд, шарҳе надод.
XS
SM
MD
LG