Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Издивоҷи муҳоҷирони тоҷик дар Русия


Дар шаш моҳи соли равон дар Чувашистони Русия 150 шаҳрванди хориҷӣ дар ин ҷо издивоҷ кардаанд, ки 31 нафари онҳо аз Тоҷикистон будаанд.


Вазорати адлияи Чувашистон мегӯяд, ин нишондиҳанда назар ба соли гузашта ду баробар зиёд аст, аммо шаҳрвандони Тоҷикистон ду сол аст, дар ин номгӯ пешсаф мебошанд.


Ҳамчунин 30 шаҳрванди Озарбойҷон, 24 нафар аз Укроин, 10 нафар аз Молдова ва чандин нафар аз кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, Туркия, Исроил ва ғайра бо занони чуваш издивоҷ кардаанд.



Ахиран дар як конфаронси байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе сарнавишти талхи ҳазорон нафар аз заноне баррасӣ шуд, ки шавҳаронашон дар муҳоҷират оилаҳои нав бунёд карда, онҳо ва фарзандонашонро ҳаволаи тақдир мекунанд.
XS
SM
MD
LG