Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофи бегонаситезӣ дар Русия


Михоил Маргелов, раиси кумитаи Думаи давлатии Русия ва аз шарикони наздики президент Путин, мавҷудияти хушунати зидди муҳоҷиронро дар кишвараш эътироф кард.


Вай иқрор кард, ки муҳоҷирони тоҷик, озарбойҷонӣ, узбак ва ғайра дар Русия ҳадафи зулму зӯроварӣ қарор мегиранд. Михоил Маргелов, дар як конфаронс дар Сан-Франсискои Амрико гуфт, сабаб дар он аст, ки мардуми муҳоҷир одату фарҳанги дигар доранд ва ин одату фарҳанги оҳно ба як бахши мардуми рус мақбул нестанд.



Суханони ӯ дар ҳоле садо доданд, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз аввали сол то ҳоло танҳо бо ҳавопаймо ҷасади 281 муҳоҷири тоҷик ба ватан интиқол дода шуд.
XS
SM
MD
LG