Пайвандҳои дастрасӣ

Путин равобит бо Бритониёро мӯътадил номид


Президенти Русия Владимир Путин мегӯяд, бо вуҷуди як бӯҳрони кӯчак муносибатҳои кишвараш бо Бритониё мӯътадил пеш мераванд.


Ин суханони ӯ дар ҳоле садо доданд, ки Русия тасмими ихроҷи чор дипломати бритониёиро аз Маскав дар посух ба ихроҷи чор дипломати рус аз Лондон эълон кард.


Дабири умури хориҷии Бритониё, Дейвид Милибенд гуфт, аз иқдоми Русия дилсард шудааст, вале Путин дертар изҳор дошт, бо ҳамин бӯҳрони кӯчак ба поён расидааст.
XS
SM
MD
LG