Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз сӯиқасд ба ҷони Березовски


Полиси Бритониё мегӯяд, мардеро боздошт кардааст, ки гӯё мақсад дошт, соҳибкори Русия Борис Березовскиро дар як меҳмонсарои Лондон ба ҳалокат расонад.


Сухангӯи полис гуфт, ин мард дар 21-уми июн боздошт ва бозпас ба Русия фиристода шуд.


Березовски, мунаққиди шадидлаҳни президенти Русия Владимир Путин дар нишасти хабарӣ дар Лондон гуфт, полис ӯро аз эҳтимоли сӯйиқасд огоҳ карда, хоста буд, муваққатан кишварро тарк кунад.
XS
SM
MD
LG