Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 200 нафар дар суқути ҳавопаймо дар Брозил


Ба иттилоъи хабаргузории брозилии Фолҳа, имкон дорад, дар суқути ҳавопаймо ҳангоми нишаст дар фурудгоҳи Сан Паулои Брозил то 200 нафар ба ҳалокат расида бошад.


Ин манбаъ иттилоъ дод, ки раҳбари гурӯҳи наҷот дар фурудгоҳ ба шаҳрдори Сан Пауло гуфтааст, ки дар он ҷо 200 ҷасад дарёфтаанд.


Ҳавопаймои ширкати ТАМ 170 сарнишин дошт ва ҳангоми фурудоӣ аз назорат хориҷ шуда, ба анбори маводи сӯхт бархӯрд ва оташ гирифт.


Ин дувумин садамаи бузурги ҳавопаймоҳои брозилӣ дар камтар аз як соли охир мебошад.
XS
SM
MD
LG