Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши ИМА ба муомилаи ҶИЭ бо амрикоиёни эрониасл


Вашингтон мегӯяд, аз бархӯрди Теҳрон ба ду амрикоии эрониасли боздоштшуда шадидан дар хашм аст.


Ҳолеҳ Исфандиёрӣ ва Каёни Тоҷбахш дар телевизиони Эрон зоҳир шуданд ва иқрор карданд, ки бар зидди амнияти Эрон фаъолият доштанд. Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ин иқрор бо шиканҷа гирифта шудааст.


Амрико озодии фаврии ҳамаи амрикоиҳои боздоштшударо талаб мекунад.


Фаъоли сулҳ Алии Шокирӣ низ дар маҳбас буда, ба хабарнигори радиои Фардо, Парнози Азимо иҷозаи сафар дода намешавад.
XS
SM
MD
LG