Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпас омадани қурбониёни қочоқи инсон ба ватан


Мизони қочоқи инсон, бавижа хариду фурӯши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш будааст. Ин нуктаро Раҷабмурод Толибов, як масъули Кумиссиюни мубориза бо қочоқи инсони дастгоҳи раъиси ҷумҳур таъйид кард. Оқои Толибов мегӯяд, аз оғози соли ҷорӣ мақомоти интизомии Тоҷикистон 24 парвандаи ҷиноиро дар робита ба истисмори шаҳвонии занон ва хариду фурӯши ноболиғон боз кардаанд: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳам занҳо ва ҳам мардҳо ба қочоқи инсон машғул мешаванд. Чунин гурӯҳҳо муайян гардиданд. Танҳо дар шаш моҳи имсол 13 ҷинояти истисмори шаҳвонӣ, 10 ҷинояти қочоқи наврасон ва боқимонда вобаста ба ҷалби онҳо ба фисқу фуҷур содир шудааст».

Ҳукумати Тоҷикистон фақат соли 1998 дар қонуни ҷазоии кишвар як банди марбут ба қочоқи инсонро ворид кард, ки таҳлилгарон онро нокифоя мехонанд ва мегӯянд, дар он мафҳуми кочоқи инсон дуруст ташреҳ нашудааст. Ва ҳамаи онҳое, ки бо ҷурми даст доштан дар хариду фурӯши инсон боздошт мешаванд, тибқи ин қонун аз якуним ба нӯҳ соли зиндон маҳкум мегарданд

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Раҳматулло Зиёдуллоев, коркуни раёсати назорат аз болои тафтишоти пешакии Додситонии кулл, онҳое, ки бо ҷурми даст доштан дар қочоқи инсон дар маҳбасҳо ба сар мебурданд, тибқи авфи эълоншуда аз сӯйи раъиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба озодӣ баромадаанд. Оқои Зиёдуллоев ҳамзамон ба ин нукта ишора кард, ки дар сурати ба дӯш гирифтани гуноҳи худ, парвандаи ҷиноии чилу чор нафар муттаҳамоне, бо иттиҳоми қочоқи инсон дар пайгарди қонунӣ қарор доранд, пӯшида хоҳад шуд: «Ҳукумати ҷумҳурӣ дар роҳи мубориза бо қочоқи инсон бамуваффақиятҳо ноил шудааст. Аз ҷумла, нисбат ба онҳое, ки духтарону занони тоҷикро мавриди хариду фурӯш ба кишварҳои хориҷ қарор додаанд, парвандаҳои ҷиноӣ боз гардидааст. Лекин тибқи қонуни авф ҳамаи онҳо бахшида хоҳанд шуд».

Аммо Абдусамад Султонов, коршинос дар умури ҳуқуқи инсон, кӯшиши ҳукумати Тоҷикистонро дар роҳи мубориза бо қочоқбарони инсон номуваффақ мехонад. Вай мӯътақид аст, ки дар аъмоли ҷиноии марбут ба қочоқи инсон, ки бештар ба давлатҳои арабӣ, Туркия ва Русия сурат мегирад баъзе масъулини сохторҳои интизомӣ низ даст доранд. Ӯ мегӯяд, ин гурӯҳи масъулин бештар дар омода кардани шиносномаҳои ҷаълӣ ё қалбакӣ ба қурбониҳои навраси қочоқчиён мусоидат мекунанд. Оқои Султонов барои намуна гуфт, то ҳол дар кишвар нафаре ба ҷурми фурӯш ё қочоқи инсон ҷазо нагирифтааст. Ва нисбат ба онҳое, ки парвандаи ҷиноӣ боз мешавад, аслан миёнаравҳое ҳастанд, ки занону духтарон ва наврасонро барои ба хориҷа рафтан роҳнамоӣ мекунанд: «Кодекси ҷиноӣ, ки дар он қочоқи инсон ҳамчун ҷинояти вазнин эътироф кардааст, мавриди амал истифода намешавад. Аз ин рӯ, он масъулоне, ки дар қочоқи занону духтарон ва ноболиғон мусоидат мекунанд, ҷазо намегиранд. Ин ташвишу изтироби ҳуқуқдонҳои кишварро ба бор овардааст. Ҳанӯз дар роҳи мубориза бо қочоқи инсон корҳо ва ташвишҳо зиёданд...»

Таҳлилгарони дигар низ бар ин боваранд, замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки нобасомониҳоро дар пай дошт, хариду фурӯши одамон бештар шуд ва гурӯҳҳо низ аз ин нооромӣ зиёд истифода кардаанд. Аммо ҳоло мақомоти қудратии кишвар, ба қавли онҳо, кӯшиш мекунанд, то фурудгоҳ ва посгоҳҳои марзии кишварро таҳти назорати шадид бигиранд, то аз ин ҳодиса ҷилавгирӣ шавад.

Вале ҳамаи ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки моҳе қабл Вазорати умури хориҷаи Амрико бо нашри гузорише аз маврдиҳои қочоқи инсон дар ҷаҳон, минҷумла Тоҷикистон, изҳори ташвиш кардааст. Ба навиштаи ин гузориш, ҳамасола дар ҷаҳон ҳаштод ҳазор нафар мавриди хариду фурӯш ва истисмор қарор мегиранд, ки тақрибан ҳаштод дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки Тоҷикистон бояд таҳқиқоти густарда, муҷозот ва маҳкум кардани мақомҳои давлатиеро, ки дар қочоқи инсон даст доранд, роҳандозӣ кунад.
XS
SM
MD
LG