Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуҷаббор Раҳмонов: аз тасмими худ дифоъ мекунем


Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, аз тасмими худ дар мавриди манъӣ ширкати донишҷӯён бо либосҳои ғайримиллӣ, аз ҷумла ҳиҷоб дар дарсҳо даст нахоҳад кашид. Оқои Раҳмонов, ки рӯзи чаҳоршанбеи 11 июл дар нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ сӯҳбат мекард, дар посух ба суоли ширкатдорон гуфт, вазорати маориф дар мавриди либоси ягонаи мактабӣ дастурамале омода карда ва барои баррасиву тасдиқ ба ҷаласаи мушовараи вазорат ирсол кардааст. Вай афзуд, дар қазияи аз як сӯи донишҷӯдухтар ба додгоҳ кашидани вазорати маориф мо худро дар заминаи ин санад ва низомномаи либоси ягонаи мактабӣ, ки ҳанӯз соли 2004 таҳия шудааст, дифоъ мекунем.
Оқои Раҳмонов ҳамзамон аз аҳзоби сиёсии кишвар, ба вижа аз раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳори норозигӣ кард, ки дар мавриди либоси ягонаи мактабӣ ба вазорати маориф машварат намекунанд, вале дар баъзе нишасту маҳофил ва саҳафоти матбуот ин вазоратро зери интиқоди шадид қарор додаанд.
Ин дар ҳолест, ки Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази таҳлилии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, аз шеваи посухи вазири маориф дар мавриди қазияи ба додгоҳ кашидани вазораташ маълум аст, ки додгоҳ қазияро ба манфиати вазорати маориф анҷом хоҳад дод.
Ибтидои ҳафтаи ҷорӣ мурофиаи додгоҳӣ бар тибқи шикояти Давлатмоҳ Исмоилова, донишҷӯи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон алайҳи вазорати маориф, ки ширкати донишҷӯёни ҳиҷобпӯш дар дарсҳоро манъ кардааст, шурӯъ гардид. Ин мурофиа дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ҷараён дорад.
XS
SM
MD
LG