Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи ду қабри дастаҷамъӣ дар ноҳияи Турсунзода


Дар мавзеъи Галлаботури ноҳияи Турсунзода, 50 километрии ғарби шаҳри Душанбе, ду қабри дастаҷамъии мутааллиқ ба замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кашф шудааст.


Ба қавли сокинони ин маҳал дар ин ду гӯри дастаҷамъӣ тақрибан 180 нафар гӯронида шудааст. Аммо мақомоти расмӣ аз вуҷуди гӯрҳои дастаҷамъӣ изҳори бехабарӣ кардаанд.


Ба гуфтаи сокинони деҳкадаи Галлаботур, зимистони соли 1992 як гурӯҳи мусаллаҳи Ҷабҳаи халқӣ вориди ин мавзеъ шуда, мардҳоро ба қатл расонид ва дар ҳамин наздикиҳо якҷо гӯр кард. Вале, мегӯянд онҳо, дар тобистони соли 1993 бар асари гармо ва гандидани ҷасадҳо замин фурӯ рафта, либоси афроди кушташуда ҳам ошкор гардид. Ҳамин тариқ, сокинони ин деҳа аз ин мавҷудияти он огоҳ мешаванд.


Дар соли 1998 бар асоси шикояти сокинони ин деҳот Кумисюни оштии миллӣ барои шиносоии қабрҳо мебоист як ниҳод таъсис медод, аммо бо сабабҳои норавшан ин иқдом сурат нагирифт.


Ва инак, ахиран - пас аз 15 соли он воқиъаи мудҳиш - бар асоси шикояти сокинони ин маҳал аз тарафи намояндагони васоити ахбори омма дар инҷо ду қабри дастаҷамъӣ ошкор гардид.
XS
SM
MD
LG