Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди кушташудагон дар Ироқ меафзояд


Имрӯз инфиҷори як мошини ҳомили маводи тарканда дар шаҳри Туз Хурмато, воқеъ дар шимоли Ироқ, 30 нафар кушта шуда ва тақрибан 90 нафар ҷароҳат бардоштанд. Бар асари ин ҳамла ҳамчунин мағозаҳо ва чанд бино тахриб ушдааст ва аулис мегӯяд, шояд теъдоди кушташудагон афзоиш ёбад.


Дар ҳамин ҳол, дар шарқи Бағдод таркиши як мошин мунҷар ба ҳалокати 6 нафар ва ҷароҳат бардоштани 20 нафари дигар гардид. Гуфта мешавад, ки дар давоми ду рӯзи ахир дар Ироқ 8 низомии амрикоӣ кушта шудааст. Аз ҷумла, шаш сарбоз дар канори Бағдод бо ниҳодани пой рӯи як бумб таркидаанд. Ду низомии дигар дар задухӯрдҳо дар вилояти Анбор ба ҳалокат расиданд.


Ҳамчунин дар ҷануби Ироқ ду низомии бритониёӣ кушта шуданд. Ба иттилоъи Вазорати дифоъи Бритониё, як сарбоз субҳи имрӯз дар як даргирӣ дар шимоли Басра ба ҳалокат расид. Дар ин ҳодиса ҳамчунин се сарбози дигар ҷароҳат бардоштанд. Сарбози дуввум дар Басра ба ҳалокат расидааст.


Шурӯъ аз оғози амалиёти низомӣ дар Ироқ 158 низомии британиявӣ ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG