Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон: талафоти сангини толибон


Дар вилояти Фараҳ воқеъ дар ҷанубу шарқи Афғонистон бар асари ҳамлаҳои заминӣ ва ҳавоии нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ беш аз 30 тан аз толибон кушта шуданд.


Ба иттилоъи низомиён, ин амалиёт посух ба ҳамлаи толибон ба кормандони пулис ва сарбозони афғон буд.


Гуфта мешавад, ки бар асари ин амалиёт ба мардуми осоишта осеб нарасидааст. Ва аммо мақомоти Афғонистон мегӯянд, онҳо хабарҳои расида дар бораи ҳалокати теъдоди зиёди мардуми мулкӣ дар вилоятҳои Фараҳ ва Кунарро, ки тайи ду рӯзи ахир дар ин вилоёт амалиёти густардаи низомӣ алайҳи мусалалҳони толибон идома дошт, тафтиш мекунанд.
XS
SM
MD
LG