Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи рӯёрӯӣ дар атрофи масҷиди Лаъл


Дар ҳоле ки дирӯз садҳо толибилмони ошӯбкарда дар масҷиди Лаъли шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон, ба нерӯҳои ҳукуматӣ таслим гардиданд ва ҳатто имомхатиби дастгиршудаи масҷид Абдулазиз аз тариқи телевизиони кишвар дигар ошӯбгарони дар дохили масҷидбударо ба хатми ошӯб даъват намуд, беш аз ҳазор нафар ошӯбгарон ҳанӯз ҳам ба муқовимати мусаллаҳонаи худ идома медиҳанд.


Дар ҳамин ҳол, рӯҳонии дигари масҷиди Лаъл ё «масҷиди сурх» Абдуррашид Ғозӣ аз ҳукумати кишвар фурсат хостааст, то тартиби тарки масҷидро бо рӯҳониён машварат кунад. Вале ҷониби ҳукумат гуфтааст, ки ошӯбгарон танҳо як роҳ доранд ва онҳам таслими бидуни қайду шарт аст.


Гуфта мешавад, ки теъдоди ошӯбгарони дохили масҷид беш аз ҳазор нафар аст, ки тақрибан 400 нафари онҳоро занон ташкил медиҳад.


Дар ҳамин ҳол, муҳосираи масҷиди Лаъл аз тарафи нерӯҳои амниятии Покистон идома дорад.
XS
SM
MD
LG