Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти имомхатиб дар чодари занона


Тибқи иттилоъи пулиси Покистон, садҳо нафар шогирдони мадориси кишвар баъд аз чанд рӯзи муқовимати мусаллаҳона дар атрофи масҷиди Лаъл ё «масҷиди сурх»-и Исломобод ба нерӯҳои артиши ҳукумат таслим шуданд. Бино ба гузоришҳо, гурӯҳи тазоҳуркунандагони иборат аз 340 донишҷӯ бо шумули тақрибан 100 зан, ки дар нооромиҳо ширкати фаъъолона доштанд, шоми дирӯз муқовимати худро хотима доданд.


Дар ҳамин ҳол, як рӯзи пеш дар ин даргириҳо дастикам 11 нафар кушта шуданд.


Мақомоти амниятӣ ҳамчунин эълом карданд, ки баъди шикасти тазоҳуроти мусаллаҳонаи мутааллимин имохатиби масҷиди Лаъл Имом Абдулазиз дастгир шудааст.


Гуфта мешавад, боздошт ҳангоме рух додааст, ки имомхатиб мехост зери бурқаъи занона дар миёни издиҳоми занон аз муҳосираи нерӯҳои интизомӣ барояд.


Мақомоти расмии Покистон ӯро дар ташкили ошӯбҳои ахир ва даъватҳои ба қавонини шадиди исломӣ айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG