Пайвандҳои дастрасӣ

Дар курсии гунаҳгор - собиқ майори милиса


Нафари муттаҳам тибқи чаҳор банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, аз он миён қатли беш аз ду нафар, сӯйиқасд ба ҷони инсон, ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ ва истифода аз силоҳи оташфишон ва авбошӣ гунаҳкор дониста мешавад. Дар курсии ҷавобгари Додгоҳи олӣ Наримон Абдураҳмонови 43-сола, майори милиса, собиқ корманди Академияи пулиси Тоҷикистон нишастааст. Кенҷа Раҳматов, муфаттиши парвандаи мазкур аз Додситонии кулл гуфт, 22-юми марти соли ҷорӣ дар яке аз хонаҳои баландошёнаи кӯчаи Маяковскийи Душанбе ҳангоми таҷлили Наврӯз Наримон Абдураҳмонов бо се ҳамсояи худ ҷанҷол карда ва ба сӯйи онҳо аз таппонча тир мекушояд.



Тафтишот муайян кардааст, ки таппончаро бо 45 адад тираш Абдураҳмонов аз яке аз ҷабрдидаҳо сарҳанги милиса Исроил Исмоилов, ки баъдан ӯ ҳам аз ин таппонча кушта шудааст, гирифтааст. Муфаттиши парванда Кенҷа Раҳматов мегӯяд, Абдураҳмонов пас аз содир кардани ҷиноят худ ба мақомоти интизомӣ таслим мешавад. Ҳамакнун агар гуноҳи Абдураҳмонов дар додгоҳ собит шавад, тибқи пешбинии қонун, ӯро ҷазои то ҳабси абад интизор хоҳад буд. Дар рӯзи шурӯъи мурофиаи додгоҳии нафари муттаҳам қозии парванда иҷоза надод, то хабарнигори Озодӣ вориди толори муҳокима шавад.



Гуля Толибова, ҳамсари яке аз нафарони кушташуда, ки дар мурофиа ба ҳайси даъвогар ширкат дошт, мегӯяд, ҳамсари 39-солаи ӯ қаблан бо Наримон Абдураҳмонов ҳеҷ мухолифат надошт ва ӯро намешинохт:«Ба ман хабар доданд, ки шавҳаратонро паронданд,барои як табақ оши палов ҷанг шудаанд. Давида ба ҷойи ҳодиса омадам, ки аллакай шавҳарамро ба беморхонаи Қарияи Боло бурдаанд. Панҷ рӯз дар реаниматсия - шӯъбаи эҳёгарии бемористон буд, ҷарроҳӣ карданд, аммо ҳолаташ беҳ нашуд, ӯ танҳо ҳамин қадар гуфт, ки «Номард, пистолет доштааст, маро паронд» Қотил худаш корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будаасту силоҳи ғайриқонунӣ доштааст. Барои мо - ҷабрдидаҳо ин далел риққатовар аст, ки масалан агар нафаре як говро дуздад, ду карат дар радиову телевизион ӯро нишон дода, халқро ҳушдор медиҳанд. Аммо ҳамин гуна ҷинояткорони вазнинро, ки чанд нафарро куштааст, бояд нишон диҳанд, то барои дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳам дарс шавад, силоҳҳо ҷамъоварӣ шавад аз дасти шаҳрвандон».



Шоҳиди дигари ҳодиса Ҳалима Исмоилова, ҳамсари яке аз дигар кушташудаҳо, ки бо ҳафт фарзандаш танҳо мондааст, мегӯяд: «Ларзида нишаста будем, ки кӯдакон давида пеши хона омаданд, ки дар майдончаи мактаби рақами 37 акаи Раҷаба паронданд, акаи Ҷӯрахона паронданд. То мо ба он ҷо рафтем, ки мардаки ман барвақт ҳангоми ба бемористон интиқол додан вафот кардааст. Дигар ӯро зинда надидамаш. Ӯ дар ширкати «Барқи тоҷик» кор мекард, аз касе қарздор набуду душманӣ надошт. Одами парондагӣ ҳамсоямон буд, аммо ӯро намешинохтем, ӯ нав ба бинои мо кӯчида омада будааст».



Вакили мудофеъи ҷавобгар Наримон Абдураҳмонов аз сӯҳбат бо радиои Озодӣ худдорӣ кард. Ва аммо ҳамсари оқои Абдураҳмонов - хонум Абдураҳмонова, ки худ вакили мудофеъ ва ҳуқуқшинос будааст, гуфт, ҳамсараш пас аз таҳқир шудан аз сӯйи ҳамсояҳо ва дар ҳолати вазнини рӯҳӣ ҷиноят содир кардааст: «Худаш шахсан инсони хуб буд, падари бениҳоят нағз буд. Худамро бо ӯ тамоман бехавф эҳсос мекардам. Вақтҳои ахир азбаски шароити оилавиамон вазнин шуд, шавҳарамро аз кор гирифтанд, вай худаш мутахассиси хуб, варзишгар аст, ки барои кор дар мақомоти орган бисёр ҳам муносиб буд. Аммо вақте бекор монд, ба ҳамин ҳолат расид, ки аз ҷиҳати рӯҳӣ азоб мекашид ва ҷиноят кард. Вай аслан инсонест, ки қодир ба куштари одам нест? Танҳо вақти муноқиша бо ҳамсояҳо, ӯро «ту будик, бра ай ин ҷо!» гӯён таҳқир мекунанд, ҳамин сабаб буд, ки ин ҳодиса сар зад».


Ин дар ҳолест, ки мақомоти вазорати умури дохила мегӯянд, силоҳ ҳатто барои кормандони милиса танҳо бо иҷозаи хаттии вазири дохила дода мешавад ва истифодаи аслиҳа барои шаҳрвандон қатъиян манъ аст. Аммо мақомоти интизомӣ иқрор мекунанд, ки эҳтимолан имрӯз ҳам дар миёни мардум силоҳ ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG