Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҳрони шадид дар Фаластин


Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос бахши низомии гурӯҳи «Ҳамос» ва нерӯҳои вазорати умури дохилаи таҳти фармони онро ниҳодҳои ғайриқонунӣ эълон кард.


Ба иттилоъи хабарнигори Родиюи «Озодӣ», ҳисобҳои бонкии ҳукумати таҳти сарварии «Ҳамос» феълан мунҷамид шудаанд. Исроил ба минтақаи Ғаза интиқоли маводи сӯхтро қатъ кард ва артиши кишвар дар марзҳои шимолии ин минтақа дар ҳолати омодабош қарор гирифтааст


Дирӯз кобинаи нави изтирории Фаластин таҳти раҳбарии Салом Файёз дар назди раҳбари Фаластин савганд ёд кард. Дар ҳамин ҳол «Ҳамос» изҳор кардааст, ки ин ҳукуматро эътироф нахоҳад кард.


Исроил ва Иёлоти Муттаҳида омодагии худ барои кумак ва ҳамкорӣ бо ҳукумати нави Фаластинро эълом доштанд.
XS
SM
MD
LG