Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими Лигаи кишварҳои арабӣ


Лигаи кишварҳои арабӣ ахиран тасмим гирифтааст, ки ба хотири баррасии вазъ дар Фаластин нишасти изтирорӣ доир кунад. Ин мавзӯъ бо ибтикори Миср рӯзи шанбе дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Лига дар Қоҳира баррасӣ хоҳад шуд.


Феълан вазъ дар тангнои Ғаза ҳамчунин муташанниҷ боқӣ мемонад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ҳамин авохир қисмати бештари минтақаи ҳассоси тангнои Ғаза ба ихтиёри нерӯҳои «Ҳамос» гузаштааст.


Дар ҳамин ҳол, дар натиҷаи задухӯрдҳои дирӯза аз ҳарду тарафи даргир беш аз 20 нафар кушта шуданд. Ҳамин тавр теъдоди қурбониён дар панҷ рӯзи ахир беш аз 70 нафар будааст.


Дирӯз, 13 июн, Созмони милали муттаҳид дар умури кумаки башарӣ дар як вокуниш ба куштори ду корманди фаластинии худ дар минтақаи Ғаза тасмим гирифтааст, ки фаъолияташро дар инҷо қатъ кунад.


Дар худи ҳамин рӯз Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Фаластин, ва Исмоил Ҳания, сарвазири идораи худгардони Фаластин, дар як баёнияи муштарак аз ҷонибдоронашон даъват карданд, ки ба хушунат хотима гузоранд.


Ба гуфтаи таҳлигарон, дар вазъи феълӣ барои хатми хушунат дар Ховари миёна мудохилаи кишварҳои миёнарав ва Лигаи кишварҳои арабӣ ба назар ногузир мерасад.
XS
SM
MD
LG