Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истифода аз кори кӯдакон афзоиш меёбад


Ҷалби хурдсолон ба кор ва ба вижа ба кори сангинро муқаррароти байналмилалӣ манъ мекунад. Кори вазнин ба сиҳҳатии атфол, рушди ҷисмониву таҳсил ва ояндаи онҳо таъсири манфӣ мерасонад, мегӯяд Созмони ҷаҳонии кор. Вақте кӯдакон маҷбуранд, ки соатҳои дароз дар майдонҳо кор кунанд, соати таҳсили онҳо маҳдуд мешавад ва онҳо дар оянда имкони раҳонидани худу хонаводаашонро аз фақру нодорӣ нахоҳанд дошт.
Аз сӯи дигар, мегӯяд Созмони ҷаҳонии кор, дар сурате, ки кор ба син ва ҷисми кӯдак, ба ҷараёни таҳсили вай зарар намерасонад, ҳамеша ба манфиати тарбияву ҳунаромӯзӣ, салиқаи муоширати ӯ бо бузургсолон ва ҷомеа буда, эътимоди кӯдакро ба нафсаш боло мебарад. Аммо дар аксар ҳолатҳо омилҳои фарҳангиву суннатии мардуми осиёӣ сабаб мешавад, ки аз нируи кӯдак сӯйистифода шавад.
Талоше, ки созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи кӯдак мекунанд, ин аст, ки аз ҷалби атфол ба риштаҳои пурхатар ва зараррасони кор ҷилавгирӣ кунанд.

Улуғбеки 12-сола, як писари узбаки сокини Ӯшро волидонаш барои кор ба шаҳри Бишкек фиристоданд. Вай дар бозори маҳаллӣ бо фурӯши пойафзол машғул аст ва мегӯяд, ки рӯзона яку ним доллар даромад дорад: "Ман рӯзона қариб 50 сом, баробар бо яку ним доллар дарёфт мекунам. Баъзан даромади ман базӯр барои хӯроки худам кифоят мекунад. Ман ҳар рӯз 25 сом захира карда, ба деҳаам вилояти Ӯш равон мекунам. Дар мавсими тобистон ва зимистон одатан кори ман хеле сахту душвор мешавад. Баъзан муштариҳо намехоҳанд, ки пули молро бидиҳанд, ҷанҷол мекунанд, медузданд ва ё маро таҳқир мекунанд. Ман дар ҳамин гуна шароити сахт зиндагӣ мекунам. Ман Ӯшро хеле зиёд ёд кардам"
Дар миёни кишварҳое, ки зери Эъломияи рафъи шаклҳои бади кори кӯдакон имзо гузоштаанд, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон мебошанд. Аммо бо ин вуҷуд, дар ин кишварҳо бо ризоияти хомӯши ҳукуматҳо, ҳар сол ҳазорон ҳазор кӯдак дар давраи таҳсили мактаб ба пахтачинӣ, ҷамъоварии меваву сабзаҷот, чиниши барги чой ва ғайра машғул мешаванд. Аз синни ҳафтсолагӣ аксар атфоли хонаводаҳои нодор ва сокинони манотиқи рустову кӯҳдоман маҷбуранд ба шаҳрҳо рафта бо ҳидояти волидон ба корҳои сиёҳу сахт машғул шаванд, мисли аробакашӣ, мошиншӯӣ, борбарӣ, фурӯши халтаву ширинӣ.
Мушоҳидаи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдак падидаи нави дигарро низ собит кардаанд, ки ҳамакнун синни муҳоҷирони кории ҷӯёи шуғл дар кишварҳои беруна, мисли Русия ҳам акнун ҷавонтар мешавад. Аксари ин кӯдакон ҳамроҳ бо волидонашон дар майдонҳои кишт ва ё бозорҳо кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG