Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Узбакистон номаи эътирозӣ дарёфт накардааст


Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабари дарёфти номаи эътирозии Узбакистон дар мавриди мухолифати ин кишвар бо сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Зарафшонро рад кард. Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, на вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ва на ширкати «Барқи тоҷик» ҳеҷ гуна номаи эътирозии ҷониби Узбакистонро дар ин замина дарёфт накардаанд.


Бар асоси қарордоди байнидавлатии Чину Тоҷикистон, ҷониби Чин сохтмони нерӯгоҳи Зарафшонро бар фарози рӯдхонаи Зарафшон ба ӯҳда гирифтааст. Ахиран, Зю Сюелян, сафири навтаъини Чин дар Тоҷикистон ба ҷиддӣ будани тасмими кишвараш барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Зарафшон дубор таъкид намуд. Сафири Чин дар Тоҷикистон гуфт, феълан, тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Зарафшон дар дасти таҳқиқу баррасӣ қарор дорад ва дар ин масир бархе мушкилот низ вуҷуд дорад. Ба гуфтаи сафири Чин дар Тоҷикистон, танҳо баъд аз ҳалли ин мушкилот сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Зарафшон аз сар гирифта мешавад. Аммо сафири Чин дар Тоҷикистон аз додани ҷузъиёт дар мавриди мушкилоти мавҷуд худдорӣ намуд.


Бар асоси иттилоъи бархе аз хабаргузориҳои дохилӣ нохушояндии ҷониби Узбакистон аз тасмими Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Зарафшон мушкили аслӣ дар роҳи иҷрои тарҳи ин неругоҳ боқӣ мондааст. Узбакистон муддаъист, ки сохтмони нерӯгоҳ бар фарози рӯдхонаи Зарафшон боиси тазъифи системаи обрасонӣ дар чаҳор вилояти ҳаммарзи Узбакистон бо Тоҷикистон мегардад. Аммо ҷониби Тоҷикистон ин иддаъои Узбакистонро ғайри воқеъӣ мехонад.


Мутобиқи тавофуқи байни Чину Тоҷикистон иқтидори неругоҳи Зарафшон дар ҳудуди 150 мегаватт пешбинӣ шудааст. Ва қарор аст, сохтмони он дар се сол такмил шавад. Иҷрокунандаи тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Зарафшон ширкати чинии Sinohydro интихоб шудааст ва давлати Чин барои ниҳоӣ шудани ин тарҳ як эътибори 270 миллион долларӣ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор медиҳад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG