Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА ба рӯи Сербистон оғӯш мекушояд


Бино бар хабари Хосе Мануэл Баррозо, раиси Комисиюни Аврупо, ин итттиҳоди бонуфуз ба Сербистон дар бораи аз сар гирифтани музокирот дар мавриди вуруди он ба Иттиҳод номаи расмӣ ирсол кардааст.


Ин дар ҳолест, ки Иттиҳоди Аврупо соли гузашта дар посух ба ҳамкории нокофии Белград бо Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ва ё Гаага музокирот бо Себристонро мутаваққиф карда буд.


Гуфта мешавад, ки баъди онки 21-уми май боздошт ва ба Додгоҳи Гаага истирдод шудани собиқ генерали сербҳои Боснӣ Здравко Толимир муносибати Иттиҳоди Аврупо ба ин масъала тағйир хӯрдааст.
XS
SM
MD
LG