Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафар Сафаров дар мақоми Абдулмаҷид Достиев интихоб шуд


fr

Сайдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон номзадии вакили тозаинтихоб Сафар Сафаровро ба мақоми муовини аввали раиси порлумон пешниҳод кард ва он аз сӯи вакилон бо иттифоқи оро ҷонибдорӣ ёфт.


Сафар Сафаров дар ин мақом Абдумаҷид Достиевро, ки ҳамакнун ба ҷойи вай сафири Тоҷикистон дар Русия таъин шудааст, иваз кард. Сафар Сафаров дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон аз ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ворид шуда ва то кунун дар вазоифи гуногун фаъолияти худро дар мақомот идома медиҳад. Ӯ чанд навбат вакили Маҷлис ва дар давраҳои мухталиф раиси кумитаи порлумон низ буд. Қабл аз таъиноташ ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Русия, роҳбарии Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда доштааст.


Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист гуфт, муовини тозаиинтихоби Маҷлис барои аксари вакилон як чеҳраи ошно аст. Оқои Шабдолов гуфт, ҳарчанд Сафар Сафаров аз сӯи ҲХДТ вакили порлумон интихоб шудааст, аммо собиқаи коммунистии ӯ аз собиқаи Шабдолов дар ин ҳизб бештар будааст. Гуфтанист, Сафар Сафаров - зодаи ноҳияи Данғара, маҳалли таваллуди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳурии Тоҷикистон будааст


Ҳамчунин, Ҳумиддин Шарифов, собиқ вазири корҳои дохила, ки аз Кӯлоб дар интихоботи миёндавраӣ вакил интихоб шуда буд, раиси кумитаи қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб шуд.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG