Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40 нафар зани тоҷик дар зиндонҳои Қазоқистон


Гулнора Калиакбарова - раиси Созмони байналмилаии ислоҳоти зиндонҳо гуфт, 40 нафар зани тоҷик, ки ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум шудаанд, дар зиндонҳои Қазокистон ба сар мебаранд. Ӯ афзуд, ағлаби ин маҳкум шудагон занони солхӯрда ҳастанд.


Раиси Созмони байналмилалии ислоҳоти зиндонҳо дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, ки ҳарчанд байни Қазоқистон ва Тоҷикистон тавофуқномае ба имзо расидааст ва тибқи он шаҳрвандони тоҷик метавонанд мӯҳлати маҳкумияти хешро дар Тоҷикистон сипарӣ кунунд, вале онон хоҳиши бозгашт ба зиндонҳои Тоҷикистон надоранд. Хонум Калиакбарова афзуд, ки ду сол қабл ба ин ҷо намояндаи Дафтари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буд ва ӯ бо хонумҳои зиндонии тоҷик мулоқот кард ва гуфт, ки агар онон хоҳиши ба Тоҷикистон истирдод шуданро дошта бошанд, ба ӯ дархост бидиҳанд. Вале касе он замон чунин дархосте накард. Ҳамсӯҳбати мо таъкид мекунад, ки созмонаш аз соли 2002 бо системаи зиндонҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд ва дар ин муддат вай фақат шоҳиди истирдоди 5 нафар маҳкумшуда ба Тоҷикистон шудааст.
Ба андешаи сарвари Созмони байналмилалии ислоҳот дар зиндонҳо маҳбасҳои Қазоқистонро тарҷеҳ додани занони зиндонии тоҷик ба вазъи зиндонҳо марбут нест. Ба таъкиди коршиносон, зиндониёни Қазоқистон низ дар ҳоли ногувор қарор доранд. Вале ду ангеза занони зиндонии тоҷикро водор сохтааст, ки дар Қазоқистон бимонанд. Нахуст ононро эҳсоси тарс намегузорад, ки кӯшиши бозгашт кунанд. Баъдан, ангезаи ҳалкунанда паҳлӯи иқтисодии масъала аст. Таври маълум, барои истирдоди ҳар зиндонӣ ба Тоҷикистон ӯ бояд тибқи қонун ба буҷаи Қазоқистон 2000 доллари амрикоӣ бипардозад.

Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG