Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Путин барои NATO хандаовар аст


Президенти Русия Владимир Путин мегӯяд, озмуни мушаки нави болдор посухи Русия ба талошҳои Амрикост, ки мехоҳад Аврупои Шарқиро ба анбори аслиҳаи нав табдил диҳад. Путин ба нақшаи ҷойгир кардани бахшҳои шабакаи зиддимушакии Амрико дар Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех ишора карда, афзуд, Русия худро масъули пойгаи нави таслиҳотӣ намешуморад.


Рӯзи сешанбе Русия мушаки нави байниқорравиро озмоиш дод, ки, гуфта мешавад, аз ҳама гуна сипарҳои зиддимушакӣ гузашта метавонад.


Дар посух ба Путин, сафири Иёлоти Муттаҳида дар НАТО Виктория Нуланд иттиҳоми Путинро дар мавриди «пойгаи нави таслиҳотӣ» хандаовар хонд.


Хонуми Нуланд афзуд, шабакае, ки Амрико дар Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех ҷобаҷо карданист, комилан дифоъист ва ба таҳдидҳои стратегии шабеҳи таҳдид аз Эрон нигаронида шудааст.


Хонуми Нуланд мегӯяд, президент Буш ва президент Путин дар тӯли тамоми таърих дар садри яке аз амиқтарин коҳишҳои силоҳи стратегӣ аз ҳарду тараф қарор доштанд ва ин бояд мероси неки ин ду нафар бошад.
Нуланд дар фароварди суханрониаш таъкид кард: «Президенти ман ба ин мерос арҷ мегузорад».
XS
SM
MD
LG