Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи намоишгоҳи китоб дар Душанбе


Имрӯз дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи китоб ифтитоҳ ёфт. Дар ин намоишгоҳ зиёда аз 25 муассисаи табъу нашри давлатӣ ва ғайри далатии Тоҷикистон намунаҳои кори худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ҷӯрабек Шарипов, раиси нашриёти «Ирфон» аз бузургтарин нашриётҳои собиқадори Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ бо китобҳои тайи солҳои ахир интишорёфта ошно сохтани мардум мебошад.
Намоишгоҳи китоб дар Кохи Борбади пойтахи Тоҷикистон ду рӯз идома хоҳад кард. Қарор аст фардо Эмомалӣ Раҳмон Раиси ҷумҳур ва ширкаткунундагони мулоқоти бо ӯ дар ин кох аз намоишгоҳи мазкур дидан кунанд.
XS
SM
MD
LG