Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андрей Луговой дар қазияи Литвиненко айбдор мешавад


им

Хадамоти салтанатии додситонии Британия иддаъо кардааст, ки кушандагони Александр Литвиненкоро мушаххас кардааст.


Дар поёни тафтиши чандмоҳаи куштори собиқ афсари хадамоти амниятии Русия Александр Литвиненко раиси Хадамоти салтанатии додситонии Британия Сир Кен Макдоналд гуфт, ки муфаттишон далели кофӣ дастрас намудаанд, ки бар тибқи он Андрей Луговой, соҳибкори сарватманди рус ва собиқ афсари хадамоти амниятии Русия, дар ин куштор муттаҳам мешавад.


Дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Лондон Макдоналд гуфт: «Он шаҳодате, ки полис ба мо тақдим кард, маро ба ин хулоса овард, ки Андрей Луговойро дар куштори Александр Литвиненко тавассути заҳролудкунӣ муттаҳам намоям. Ҳамчунин ман ба ин натиҷа расидам, ки таъқиби қонунии ин парванда ба нафъи мардум аст».


Макдоналд афзудааст, ки хадамоти салтанатии додситонӣ истирдоди Луговойро ба Британия тақозо хоҳад кард: "Ман ба ҳуқуқшиносони хадамоти додситонӣ дастур додам, иқдомҳои фаврии зарурӣ барои истирдоди барвақти Андлей Луговой аз Русия ба Британияро бияндешанд, то мо имкон дошта бошем, ки дар наздиктарин фурсат ӯро дар додгоҳи Лондон барои ин ҷинояти фавқулода сангин ба ҷавобгарӣ кашем".


Вазири корҳои хориҷии Британия хонум Маргарет Бекет мегӯяд, Лондон умедвор аст, ки Маскав дар таслими Луговой "пурра ҳамкорӣ" хоҳад кард.


Вале муҷозоти Луговой осон нахоҳад буд. Идораи додситонии кулли Русия мегӯяд, ки дар ҳар сурат муттаҳамҳоро ба Британия таслим нахоҳад кард, зеро ду кишвар қарордоди истирдоди мутаҳамҳоро имзо накардаанд ва дар Конститутсияи Русия низ имкони истирдоди шаҳрвандони ин кишвар барои муҷозот ба хориҷа пешбинӣ нашудааст.


Вазорати корҳои хориҷии Британия ва Хадамоти салтанатии додситонии ин кишвар ҳар гуна овозаҳо дар бораи фишор болои тафтиши кушторро рад намудаанд.
XS
SM
MD
LG