Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиддати даргириҳо дар шимоли Лубнон


сч

Нисфишаби 21 май дар минтақаи масеҳинишини Бейрут - пойтахти Лубнон инфиҷор рух дод ва бино бар маълумоти пешакӣ, як зан кушта ва даҳ нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ба иттилоъи телевизиони Лубнон, инфиҷор дар канори як маркази тиҷоратӣ рух дод.


Бар асари даргириҳо миёни неруҳои ҳукуматии Лубнон ва ситезаҷуёни исломӣ дар шимоли кишвар дасти кам 40 нафар кушта шудаанд. Ин пурталафоттарин даргирӣ дар Лубнон баъд аз ҷанги шаҳрвандии соли 1990 маҳсуб мешавад. Миёни кушташудагон 22 нафар сарбозони артиши миллии Лубнон ва 17 нафар мусаллаҳони гурӯҳи «Фатҳ-ул-Ислом»-анд.


Даргириҳо дар канори урдугоҳи паноҳандагони фаластинӣ дар шимоли Лубнон дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки нерӯҳои амниятӣ дар шаҳри Триполи ба ҳабси ситезаҷӯён як рӯз пеш дороии як бонкро ба яғмобурда иқдом карданд.
XS
SM
MD
LG