Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми баландпояи САҲА ба Душанбе меояд


Интизор меравад, ки имрӯз, сеюми май, раиси маҷмаъи порлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Йоран Леннмаркер ба Тоҷикистон биёяд.


Тибқи иттилоъи расмӣ, Йоран Леннмаркер дар ҷараёни боздид бо раиси ҷумҳур, вазири умури хориҷа ва раисони ҳарду палатаи порлумони Тоҷикистон мулоқот мекунад.


Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳадафи сафари раиси маҷмаъи порлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба Тоҷикистонро таҳкими ҳамкориҳои порлумонҳои кишварҳои узви ин созмон хондааст, ки Тоҷикистон низ шомили он аст.
XS
SM
MD
LG